Вохӯрии муҳим бо сардори Раёсати гумруки Урал
28 марти соли 2022 дар бинои Намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Россия дар шаҳри Екатеринбург мулоқоти Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо сардори Раёсати гумруки Урал Алексей Фролов баргузор гардид. Дар музокироти онҳо намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Россия дар шаҳри Екатеринбург Александр Харлов ва корманди масъули дастгоҳи ӯ Александр Иванов ширкат доштанд.
Гуфтугӯйи Зафар Сайидзода ва Алексей Фролов ба умдатарин ҷанбаҳои марбут ба пешниҳоди ибтикории Раёсати гумруки Урали Хадамоти федералии гумруки Федератсияи Россия дар бораи дар чаҳорчӯбаи ҳамкориҳои байниминтақавии Тоҷикистону Россия дар даҳаи аввали моҳи апрели соли ҷорӣ баргузор намудани ҷаласаи корӣ - дар шакли видеоконфронстамос - бо намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасии босалоҳияти масъалаи интиқоли меваю сабзавот ба вилояти Свердловск бахшида шуда буд.Дар ин замина таваҷҷуҳи бештар ба мавзӯъҳои марбут ба зарурати пайдоиши манобеи расмии иттилоот дар бораи нархи содиротии меваю сабзавоти Тоҷикистон, ҳамоҳангсозии мавқеи тарафҳо дар мавриди ташаккули арзиши гумрукии он, истифодаи имконоти нави мусоиде, ки дар натиҷаи соддагардонии низоми барасмиятдарории гумрукӣ, аз ҷумла тартиби муқаррар кардани мувофиқати фаннию дигари маҳсулоти кишоварзии интиқолшаванда ба талаботи мавҷуда, эҷод гардидаанд.
Дар ҷараёни мулоқот зикр гардид, ки аз ҷониби Россия дар мулоқоти болозикри кории онлайнӣ иштироки роҳбарони ширкатҳои калон оид ба содироту воридоти маҳсулоти кишоварзӣ (меваю сабзавот) ва инчунин намояндагони расмии мақомоти минтақавӣ ва федералӣ дар назар аст.