Иштирок дар шаҳри Тюмен дар таҷлили иди байналмилалии "Наврӯз"

26.03.2022 16:05

Иштирок дар шаҳри Тюмен дар таҷлили иди байналмилалии  "Наврӯз"

26 марти соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар бинои Донишкадаи давлатии фарҳанги Тюмен дар тантанаи идона бахшида ба ҷашни байналмилалии «Наврӯз» иштирок намуд.

Чорабинии идонаро донишҷӯёни тоҷикистонии макотиби олии Тюмен таҳти сарпарастии Кумитаи умури миллатҳои Ҳукумати вилояти Тюмен ташкил ва баргузор карданд.

Дар чорабинии идона одамони синну сол ва миллатҳои гуногун ширкат варзиданд. Барои онон дастархони наврӯзӣ  бо суманак ва ҳафт "шину" ҳафт "син", либосҳо, суруду рақсҳои миллӣ, ашъори машҳури классикии тоҷик ва маросимҳои суннатии  арӯсию тӯёна дар сатҳи волои ҳунарию эҷодӣ намоиш дода шуданд.

 Раиси Кумитаи умури миллатҳои Ҳукумати вилояти Тюмени Федератсияи Россия Владислав Чернов, роҳбари  бахши равобити байналмилалии Донишгоҳи давлатии Тюмен Надежда Ҳакимова ва Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Сайидзода аз саҳна ҳозиринро дар шакли суханронии шодбошӣ бо иди байналмилалии "Наврӯз' самимона табрику таҳният гуфтанд. Дипломати тоҷик дар бораи таърихи  иди "Наврӯз", фалсафаю арзишҳои он, низоми расму оин ва мақоми байналмилалияш ибрози андеша  кард.

Узви Шӯрои ҷамъиятии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург, соҳибкори маҳаллии соҳаи сохтмон Рӯзӣ Рӯзиев, ходими фаъоли ҷамъияти  тоҷикони муқими минтақаи Урали Миёна Зуҳал Муродов, донишҷӯёни фаъоли тоҷикистонии мактабҳои олии Тюмен Абдураҳмон Шарифов, Муҳсинҷон Зубайдов, Шарифҷон Мутавалиев ва Собир Салимов дар ташкил кардани ин чорабинии наврӯзӣ нақши муҳиму назаррас доштанд.

navruz-Tyumen-1.jpg

Navruz-Tyumen-2.jpg

Navruz-Tyumen-3.jpg

navruz-tyumen-4-1.jpg

navruz-Tyumen-5.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg