Сухани табрикӣ дар маросими ифтитоҳи Фестивали ҷуғрофӣ дар ш.Екатеринбург

24.03.2022 12:24

Сухани табрикӣ дар маросими ифтитоҳи Фестивали ҷуғрофӣ дар ш.Екатеринбург

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Урал -- дар пойгоҳи худ - 22-25 марти соли 2022 дар шаҳри Екатеринбург Фестивали калони ҷуғрофиро таҳти унвони «Замини ман» доир сохт.

Дар он теъдоди зиёди  донишҷӯён--шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок карданд.

Дар чаҳорчӯбаи Фестивал, дар баробари озмунҳои гуногун ва дигар чорабиниҳо, 24 марти соли равон Конфронси байналмилалии илмию амалии ҷавонон таҳти унвони "Сайёраи Замин: табиат, таърих, фарҳанг" баргузор гашт.

23 марти соли 2022 дар маросими ифтитоҳи Фестивал -- дар  толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи болозикр -- дар шакли сабти видеоӣ суханронии шодбошии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода садо дод.Суханронии видеоии дипломати тоҷик бо эҳтирому таваҷҷуҳ шунида шуд.

Tabrikot.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg