Иштирок дар таҷлили иди байналмилалии «Наврӯз» дар шаҳри Троитски вилояти Челябинск

23.03.2022 17:54

Иштирок дар таҷлили иди байналмилалии «Наврӯз» дар шаҳри Троитски вилояти Челябинск

Дар нимаи дуюми рӯзи 21 марти соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода, намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Урали Россия Беҳрӯз Холиқов ва роҳбари созмони ҷамъиятии вилояти Челябинск «Маркази миллии фарҳангии тоҷикон "Сомониён"", намояндаи Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар минтақаи Урали Россия Исломуддин Раҷабов дар шаҳри Троитски  вилояти Челябински Федератсияи Россия дар чорабиниҳои Донишгоҳи давлатии аграрии Урали Ҷанубӣ бахшида ба таҷлили иди байналмилалии «Наврӯз» ширкат варзиданд.

 Дар даромадгоҳи бинои асосии Донишгоҳ намояндагони Ҷумҳурии  Тоҷикистонро -- дар ҳузури раиси шаҳри Троитск Александр Виноградов -- як гурӯҳи сершумори донишҷӯён (57 нафар) аз ҷумлаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон гарму ҷӯшон истиқбол гирифтанд.

 Дар маросими ифтитоҳи чорабинии идона раиси шаҳри Троитск Александр Виноградов, ректори Донишгоҳи давлатии аграрии Урали Ҷанубӣ Светлана Черепухина, консулҳои генералии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода ва Абдусалом Ҳотамов ҳозиринро бо иди байналмилалии  "Наврӯзи оламафрӯз" табрик ва  суханронӣ карданд.

 Сипас консерт барпо гардид, ки дар он шеъру суруду рақсҳои мардумони ҳавзаи наврӯзӣ бо истеъдоди баланди ҳунарӣ иҷро карда шуданд.

Пас аз анҷоми чорабинии фарҳангӣ ва нишаст сари дастархони ғаниву болаззати наврӯзӣ  мулоқоти судманди намояндагони Тоҷикистону Ӯзбекистон бо раиси шаҳри Троитск Александр Виноградов ва ректори Донишгоҳи давлатии аграрии Урали Ҷанубӣ Светлана Черепухина баргузор гардид, ки дар ҷараёни он масъалаҳои роҳандозию рушди ҳамкории амалии судманди тарафайн дар фазои дӯстона ба таври мушаххас муҳокимаву баррасӣ шуданд.Дар ин мубодилаи муфиди афкору пешниҳодот вакили Думаи шаҳри Троитск--зодаи Тоҷикистон Ҳусейн Калонов фаъолона иштирок намуд.

Зимни ҳузури худ дар Донишгоҳи давлатии аграрии Урали Ҷанубӣ Зафар Сайидзода бо мухбирони  расонаҳои маҳаллӣ -- бо хоҳиши онон --  мусоҳиба дошт.

Navruz-CHelyabinsk-1.jpg

Navruz-CHelyabinsk-2.jpg

Navruz-CHelyabinsk-3.jpg

Navruz-CHelyabinsk-4-1.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg