Иштирок дар ҷашни Наврӯз ва суҳбатҳои муфиди дипломати тоҷик бо донишҷӯёни ду донишгоҳ дар шаҳри Екатеринбург
21 марти соли 2022 -- бо супориши Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода -- ҳайати муассисаи консулӣ бо роҳбарии котиби дуюми он Субҳон Қурбонов (ҳамроҳи Шариф Сулаймонов) барои иштирок дар ҷашни Наврӯз ва вохӯрӣ бо донишҷӯёни тоҷикистонӣ ба донишгоҳҳои федералии Урал ва давлатии ҷангалдории Урал ҳозир шуданд.
Дар Донишгоҳи федералии Урал донишҷӯёни кишварҳои ҳавзаи Наврӯз (Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Афғонистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Миср, Қазоқистон, Муғулистон) бо дастархони ҷашнӣ, шеърхонӣ, сурудхонӣ ва рақсҳои миллӣ ватани хешро муаррифӣ намуданд. Дар Донишгоҳи мазкур беш 240 шаҳрванди Тоҷикистон дар риштаҳои гуногун, аз қабили иқтисод, муносибатҳои байналмилалӣ, меъморӣ ва технологияҳои муосир, таҳсил мекунанд.Зимни мулоқот бо проректори Донишгоҳ оид ба муносибатҳои байналмилалӣ Сергей Тушин масъалаҳои рушди ҳамкориҳо, аз ҷумла ҷудо намудани бурсияҳо барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли нави хониш, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Субҳон Қурбонов ҳангоми иштироку суханронӣ дар ҷашни Наврӯз дар Донишгоҳи давлатии ҷангалдории Урал ҳозиринро бо иди байналмилалии Наврӯз табрик намуд. Баъд аз чорабинӣ, тибқи нақша, вохӯрӣ бо донишҷӯёни тоҷикистонӣ баргузор гардид. Дипломати тоҷик донишҷӯёнро роҷеъ ба масъалаҳои густаришу таҳкими рӯҳияи ватандӯстӣ, зарурати ҳатмии риояи қоидаҳои будубош ва қонунҳои кишвари иқомат, таҳсили хубу аъло ва омӯзиши таҷрибаҳои муфиди мутахассисони маҳаллӣ, ҳифзу ҳиросати забони модарӣ, урфу одат ва фарҳанги миллӣ, ҳамроҳ нашудан ба ягон гуна ташкилоту созмонҳои мамнӯъ, муқовимат бо зуҳуроти ифротгароӣ, терроризм, мубориза бо ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон ва инчунин дурӣ ҷӯстан аз ҳар гуна тазоҳуроти зиддидавлатии сиёсӣ суҳбати пурмуҳтавою муфиде анҷом дод.
Зимни вохӯрӣ бо проректор оид ба тарбияи Донишгоҳи мазкур масъалаи қабули довталабони тоҷикистонӣ ба он дар соли нави хониш мавриди баррасӣ қарор гирифт ва таъкид шуд, ки дар охири моҳи апрел ё аввали моҳи майи соли 2022 гурӯҳи махсуси омӯзгорон барои гирифтани имтиҳони қабул ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар хоҳанд намуд.Қабл аз сафари ҳайати муассисаи таълимӣ Тоҷикистон ба Вазорати корҳои хориҷии он роҷеъ ба ин масъала мактуб ирсол мегардад.
Бояд қайд кард,ки дар Донишгоҳи мазкур 247 шаҳрванди Тоҷикистон дар бахшҳои ҷангалдорӣ, роҳсозӣ, муҳандисӣ таҳсил мекунанд.