Мулоқот бо роҳбару фаъолони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Магнитогорск
11 марти соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо роҳбари ташкилоти ҷамъиятии зодагони Тоҷикистон дар ш. Магнитогорск "Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикон "Иттиҳод"" Назаралӣ Ҳомидов мулоқот намуд. Дар мулоқот фаъолони шинохтаи ин созмони ҷамъиятӣ Маъруф Раҳматуллоев, Меъроҷиддин Фатҳиддинзода, Шералӣ Саидов ва котиби дуюми муассисаи консулӣ, номзади илмҳои сиёсӣ Субҳон Қурбонов фаъолона ширкат доштанд.
Ба дипломатони тоҷик дар бораи фаъолияти созмони ҷамъиятии номбурда тайи ду соли ахир муфассал иттилоъ дода шуда, вазъи кунунӣ ва дурнамои наздики фаъолияти Маркази миллии фарҳангии тоҷикони шаҳри Магнитогорск арзёбӣ гардид.Мусоҳибон роҷеъ ба роҳҳову василаҳои ҳалли баъзе масъалаҳои мушкилдор, аз ҷумла марбут ба мубориза алайҳи зуҳуроти бефарҳангӣ, ҷинояткорӣ ва ифротгароӣ, дар рӯҳияи дастуроти суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо намояндагони диаспораи тоҷикон ва донишҷӯёни ҳамватан дар моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри Санкт-Петербург гуфтугӯ карданд.
Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назаралӣ Ҳомидов ва Маъруф Раҳматуллоевро барои фаъолияти самараноки ҷамъиятӣ ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ ва ризоияти ҳамватанон, мусоидат ба мутобиқшавии иҷтимоӣ-фарҳангии онон ба воқеияти россиягӣ, таъмини рушди солими ҷамъияти тоҷикони муқими шаҳри Магнитогорск, афзоиши кумаки хайриявӣ ба муҳоҷирони меҳнатии ниёзманди тоҷикистонӣ ва ташаккули симои мусбати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Россия бо Ифтихорнома сарфароз гардонид.