Мулоқоти пурсамар бо намояндагони медиахолдинги «Аввалин вилоятӣ»-и телевизиони вилояти Челябинск
9 марти соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо роҳбари бахши иқтисодии медиахолдинги "Аввалин вилоятӣ"-и телевизиони вилояти Челябинск Амур Ҳабибуллин ва ҳамкорони ӯ -- Марина Тимофеева ва Евгений Власов -- мулоқот намуд.
Зимни мулоқот, ки дар фазои дӯстонаи корӣ сурат гирифт, масъалаҳои ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби лоиҳаи нави телевизионии медиахолдинги «Аввалин вилоятӣ» таҳти унвони «Рисолати дипломатӣ» ба таври муфассал баррасӣ шуданд.Паймон дар бораи он ҳосил шуд, ки дар доираи лоиҳаи мазкур саъю талошҳои дипломатии Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург ҷиҳати роҳандозӣ ва рушди робитаҳои байниминтақавии тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва вилояти Челябинск, ба хотири баланд бардоштани нақши соҳибкорон -- зодагони Тоҷикистон ва созмонҳои ҷамъиятии тоҷикони вилояти Челябинск дар ин раванд, инчунин дар арсаи беҳсозии кор оид ба мутобиқсозии иҷтимоӣ-фарҳангии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки ба Урали Ҷанубӣ меоянд, ба воқеияти россиягӣ инъикоси телевизионӣ меёбанд. Дар ҷараёни гуфтугӯ ҳамсуҳбатон оид ба консепсия ва ҷанбаҳои асосии мавзӯии барномаи банақшагирифташудаи телевизионӣ ба мувофиқат расиданд.