Шиносоӣ бо барномаи нави хореографӣ дар Филармонияи давлатии бачагонаи шаҳри Екатеринбург
5 марти соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода - дар маҷрои иқдомоти дипломатӣ ҷиҳати роҳандозию рушди робитаҳои байниминтақавии Тоҷикистон ва вилояти Свердловски Федератсияи Россия дар соҳаи фарҳанг – дар Филармонияи давлатии бачагонаи вилояти Свердловск бо барномаи нави хореографӣ таҳти унвони «Достонҳои сарзамини Урал», ки дар арафаи Соли мероси фарҳангӣ -- соли 2022 -- омода гашта буд, шинос шуд.
Дар барнома дастаи ҳунарии кӯдакону наврасон "Табассум"("Улыбка") рақсҳои мардумони Уралро, ки онҳоро беҳтарин хореографҳои Россия ба саҳна гузоштаанд, дар сатҳи олӣ иҷро намуд. Ҳангоми ҳунарнамоӣ дар саҳна омезиши аниматсия, матн, декоратсияҳои тағйирёбанда, либосҳои серҷилои ифодакунанда, ки бо нақшу нигорҳои миллӣ оро дода шудаанд, ба мушоҳида мерасид.
Имрӯз дар Урали Миёна намояндагони беш аз 160 миллат, аз ҷумла тоҷикон зиндагӣ мекунанд, ки ниёгони аксари ин миллатҳо сарзамини қаҳратун, вале хеле меҳмоннавозро тайи асрҳо обод мекарданд.
Фарҳанги асили минтақаи Урал, ки решаҳояш ба умқи қарнҳо мераванд, анъанаҳои рақси мардумии сокинони бумии уралӣ ва мероси санъатии халқҳоеро, ки барояшон ин минтақа ватани дуюм гардидааст, ба таври аҷиб ба ҳам пайванд додааст.