Боздид аз гӯшаи инклюзивии сайёҳӣ дар маркази ш.Екатеринбург

05.03.2022 17:26

Боздид аз гӯшаи инклюзивии сайёҳӣ дар маркази ш.Екатеринбург

4 марти соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода --  дар маҷрои  чорабиниҳо оид ба роҳандозӣ ва рушди ҳамкориҳои байниминтақавии Тоҷикистон ва вилояти Свердловски Федератсияи Россия дар соҳаи сайёҳӣ --  дар ҳошияи экскурсия (дар доираи «Форуми сайёҳии инклюзивӣ») дар маркази пойтахти Урал бо президенти Иттиҳодияи сайёҳии Урал Михаил Малтсев ва президенти ташкилоти ғайритиҷоратии мустақили «Аспи сафедранг»("Белая трость") Олег Колпасчиков мулоқот намуд.Дар маросими муаррифии  «Галерея дар торикӣ» намояндагони сохторҳои  дипломатии кишварҳои хориҷии пасошӯравӣ, ки дар шаҳри Екатеринбург сабти ном шудаанд, ширкатҳои сайёҳию ҳавопаймоӣ, президенти созмони ҷамъиятии вилояти Свердловск "Ҷамъияти гурҷиён «Сакартвело"" Нукрӣ Чавлеишвилӣ ширкат варзиданд.  Директори  "Атриум  палас отел" Ирина Домина ҳангоми  муаррифии гӯшаи сайёҳии инклюзивии «Галерея дар торикӣ» суханронии муфассал намуд.

Dil-mart-0.jpg

Dil-1-mart.jpg

dil-mart-3.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg