Иштирок дар Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони “Чеҳраи занонаи муҳоҷират: нақши зани соҳибкор дар таъмини рушди устувори маҳал”

04.03.2022 16:55

Иштирок дар Конфронси байналмилалӣ таҳти  унвони “Чеҳраи занонаи муҳоҷират: нақши зани соҳибкор дар таъмини рушди устувори маҳал”

4 марти соли 2022 котиби дуюми Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри  Екатеринбург Субҳон  Қурбонов, намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Урали Федератсияи Россия Беҳрӯз Холиқов ва намояндаи Ҷамъияти минтақавии тоҷикони вилояти Свердловск  "Дидор” Султоннасаб Мастонова дар Конфронси байналмилалӣ таҳти  унвони “Чеҳраи занонаи муҳоҷират: нақши зани соҳибкор дар таъмини рушди устувори маҳал” фаъолона  иштирок намуданд.

Дар ин Конфронс, ки бо пуштибонии Ҳукумати вилояти Свердловск дар толори Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал сурат гирифт, муовини Губернатори вилояти Свердловск Василий Козлов, муовини Вазири робитаҳои байналмилалӣ ва хориҷии иқтисодии вилояти Свердловск Людмила Берг, Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар вилояти Свердловск Татьяна Мерзлякова, Ваколатдор оид ба ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон дар вилояти Свердловск Елена Артюх,  намояндагони дигари корпуси маҳаллии дипломатӣ, намояндагони  Комиссияи иқтисодии авруосиёӣ, доираҳои соҳибкории вилояти Свердловск ва баъзе кишварҳои Осиёи Марказӣ иштироку  суханронӣ намуданд.

forum-zan-1.jpg

forum-zan-2.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg