Суҳбати муфид бо сарвари Иттиҳодияи сайёҳии Урал

02.03.2022 17:34

Суҳбати муфид бо сарвари  Иттиҳодияи сайёҳии Урал

2 марти соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо президенти Ассотсиатсияи сайёҳии Урал Михаил Малтсев мулоқот намуд.

 Зимни гуфтугӯй ҳамсуҳбатон роҷеъ ба вазъ, имконот ва самтҳои асосии ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ бо вилояти Свердловск ва дигар субъектҳои Федератсияи Россия, ки ба минтақаи  Урали он шомиланд,табодули андешаву арзёбиҳо карданд.

 Дипломати тоҷик ба ҳамсуҳбати худ дар бораи имконоти фароху мусоиди Тоҷикистони муосир дар мавриди қабули сайёҳони россиягӣ дар гӯшаҳои марбутаи кишвар  муфассал нақл кард.

Зафар Сайидзода ба Михаил Малтсев  тавсия дод, ки унвонии раиси Кумитаи  рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номаи расмӣ ирсол намуда, дар он пешниҳодоти хешро оид ба роҳандозӣ, густариш ва таҳкими ҳамкории байниминтақавии мутақобилан судманд дар соҳаи сайёҳӣ баён намояд.Дар навбати худ, Михаил Малтсев аз ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуд, ки имкони иштирокашонро -- ба ҳайси намоишдеҳон, шарикон ва меҳмонони фахрӣ --  дар намоишгоҳи калони байналмилалии сайёҳии «ЛЕТО - 2022», ки 1-2 апрели соли равон дар шаҳри Екатеринбург дар бинои «Елтсин - центр» баргузор мегардад,баррасӣ кунанд. Иштироки бевосита дар намоишгоҳ ба шарикони тоҷик имкон медиҳад, ки корпояи  устувореро барои ҷалби таваҷҷуҳи доираи васеи сайёҳони эҳтимолӣ, ошно кардани сайёҳони россиягӣ бо гӯшаҳои дилкаши туристии кишвари худ таъсису истифода кунанд. Дар намоишгоҳи номбурда ҳамасола беш аз 200  намоишдеҳ ва беш аз 6 ҳазор нафар меҳмон иштирок мекунанд.

Дар ҷараёни суҳбат тазаккур дода шуд, ки иштироки шарикони тоҷик дар бахши сайёҳӣ дар фаъолияти  намоишгоҳи апрелии байналмилалӣ ба  пешбурди хизматрасониҳои онон ва пайдо кардани тамосу робитаҳои судманди корӣ дар яке аз  калонтарин ҳавзаҳои  федералии Россия мусоидат хоҳад намуд.

turizm.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg