Дар мулоқот раиси Идораи рӯҳонии (Муфтиёти марказии) мусулмонони вилояти Свердловск, муфтӣ Абдулқуддус, имом-хатибҳои масоҷиди шаҳри Екатеринбург воқеъ дар кӯчаҳои П.Бажов ва Артинская Маҳмадюсуф Сандалов ва Мирзо Назаров, намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Урали Россия Беҳрӯз Холиқов иштирок намуданд.
Зимни мулоқот натиҷаҳои асосии ҳамкории Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург ва Муфтиёти марказии мусулмонони вилояти Свердловскро дар арсаи ҳамоҳангсозии муносибатҳои байни миллатҳо ва конфессияҳо, таҳкими сулҳ ва ризоияти шаҳрвандӣ дар ҷомеаи россиягӣ дар қаламрави вилояти Свердловск арзёбӣ гардиданд.Мусоҳибон ба натиҷаҳои ҳамкорӣ аз моҳи апрели соли 2021 то имрӯз баҳои мусбат дода, омодагии худро барои густариши минбаъдаи самарадеҳи он изҳор намуданд. Денис Мустафин ба Зафар Сайидзода сипосномаи раиси Маҷлиси рӯҳонии мусулмонони Россия, узви Палатаи ҷамъиятии Федератсияи Россия, муфтии шаҳри Москва Албир ҳазрат Кргановро барои саҳми шоиста ба рушди ҳамкориҳои гуногунҷанбаи мутақобилан судманд бо Идораи рӯҳонии (Муфтиёти марказии) мусулмонони вилояти Свердловск супорид ва дар ин иртибот ӯро сидқан табрик намуд.