25 феврали соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар маҷлиси машваратӣ оид ба ҳамоҳангсозии муносибатҳои байни миллатҳо ва пешгирии низоъҳои байнимиллӣ бо иштироки шаҳрвандони хориҷӣ иштирок ва суханронӣ намуд. Маҷлиси машваратӣ дар яке аз толорҳои қароргоҳи Губернатори вилояти Свердловск таҳти раёсати муовини Губернатори вилояти Свердловск Олег Чемезов баргузор гардид. Дар ин маҷлис муовини дигари Губернатори вилояти Свердловск Василий Козлов, директори департаменти Вазорати равобити байналмилалӣ ва хориҷии иқтисодии вилояти Свердловск Олег Александрин, сардори шуъбаи Департаменти сиёсати дохилии вилояти Свердловск Иван Падерин, Консули генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Екатеринбург Абдусалом Ҳотамов, Консули генералии Ҷумҳурии Қирғизистон дар шаҳри Екатеринбург Руслан Бийбосунов , консули Консулгарии генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Аскар Аскаров низ иштирок ва ибрози андешаю пешниҳод карданд. Дипломати тоҷик ва дигар иштирокчиёни вохӯрӣ ба вазъи равандҳои ҳамоҳангсозии муносибатҳои байни миллатҳо ва пешгирии низоъҳои байнимиллӣ бо иштироки шаҳрвандони хориҷӣ баҳои худро дода, баъзе масъалаҳои мушкилдори дар минтақаҳои мухталифи Россия дар ин самт бамиёномадаро қайд намуданд, роҳу воситаҳои беҳтарини муштаракона бартараф кардани онҳоро пешниҳод карданд.Муовинони Губернатори вилояти Свердловск кореро, ки Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсан дар давоми ду сол дар ин арса дар вилояти Свердловск анҷом медиҳад, ба таври мусбат арзёбӣ намуданд ва як силсила таклифҳои мушаххаси ӯро оид ба мавзӯи маҷлисмашварат, аз ҷумла оид ба зарурати муттаҳид кардани ҷидду ҷаҳди мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва консулгариҳои генералиро дар ҳамкории онҳо бо ташкилотҳои ҷамъиятии миллӣ-фарҳангӣ, ки аз ҷониби мақомоти марбутаи россиягӣ ба қайд гирифта шудаанд, ба инобату эътибор гирифтанд. Бар асоси гуфтугӯи суратгирифта -- ҷиҳати татбиқи амалии бисёрҷониба -- "Харитаи роҳ" таҳия ва тасдиқ карда мешавад.