Сафари пурсамари корӣ ба Челябинск
22 феврали соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо мақсади баррасии масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байниминтақавии иқтисодии Тоҷикистон ва вилояти Челябински Федератсияи Россия ба шаҳри Челябинск сафари корӣ анҷом дод. Дар ин сафар ӯро намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Урали Россия Беҳрӯз Холиқов ва намояндаи Палатаи савдою саноати Тоҷикистон дар минтақаи Урали Россия, раиси ҷамъияти тоҷикони муқими вилояти Челябинск Исломуддин Раҷабов ҳамроҳӣ карданд.
Дар нимаи аввали 22 феврал дар толори музокироти Марказ таҳти унвони "Территория "Мой бизнес"", ки тобеи Вазорати рушди иқтисоди вилояти Челябинск мебошад, мулоқоти Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамроҳонаш бо муовини Вазири рушди иқтисодии вилояти Челябинск Дмитрий Глухарёв баргузор гардид.Дар ҷараёни ин мулоқот оид ба вазъ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои байниминтақавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Челябинск табодули афкору андеша сурат гирифт.Зарурати баимзорасӣ ва татбиқи амалии «Харитаи роҳ» ҷиҳати иҷрои муқаррароти асосии Созишнома миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати вилояти Челябинск оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ аз 14 сентябри соли 2010 таъкид гардид. 25 феврали соли 2022 дар шаҳри Душанбе -- дар ҳошияи Форуми байнипарлумонии Тоҷикистону Россия -- ба имзо расидани Созишнома миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати вилояти Челябински Федератсияи Россия оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ чун рӯйдоди муҳиму мусбат арзёбӣ гардид.Дипломати тоҷик аз он изҳори қаноатмандӣ кард, ки ахиран таҳти сарпарастии Ҳукумати вилояти Челябинск аз тариқи ширкатҳои хусусӣ ҳамкориҳои он бо Тоҷикистон дар соҳаи электротехникӣ густариш меёбад. Ҷонибҳо баррасии масъалаи иштироки эҳтимолии роҳбарони вилоятҳои Хатлон ва Суғди Тоҷикистонро дар ҷаласаи бахши миллии (россиягии) Форуми сарони минтақаҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки тирамоҳи соли 2022 дар Челябинск баргузор мешавад, мувофиқи мақсад донистанд.Дар ҳошияи ин ҷаласа метавон як анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Россияро баргузор кард.Дмитрий Глухарёв таъини Исломуддин Раҷабовро ба маснади намояндаи расмии Палатаи савдою саноати Тоҷикистон дар минтақаи Урал ба таври мусбат арзёбӣ карда, ба ӯ дар ҷодаи мусоидат ба пешрафти бизнес -- раванди байниминтақавии Тоҷикистону Россия дар шароити маҳдудияти зиддиковидӣ комёбию пирӯзиҳо таманно намуд.Яке аз марҳалаҳои муҳими вусъати фаъолияти ӯ дар оянда таъсис додани Хонаи савдои тоҷикон дар шаҳри Челябинск шуда метавонад, гуфт Дмитрий Глухарёв.
Қабл аз мулоқот бо Дмитрий Глухарёв Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони ҳамроҳи ӯ бо ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти Маркази хизматрасониҳои маҷмӯии «Территория "Мой бизнес"" -- и назди Вазорати рушди иқтисоди вилояти Челябинск шинос шуданд.
Худи ҳамон рӯз – дар нимаи дуюмаш – дар шаҳри Челябинск мулоқоти Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург мулоқоти Зафар Сайидзода ва шахсони ҳамроҳи ӯ бо президенти Палатаи савдою саноати Урали Ҷанубӣ Фёдор Дегтярёв, муовини аввали президенти ин Палата Игорь Аристов ва сардори шуъбаи равобити хориҷии иқтисодии Палата Наталья Осипова баргузор гардид.Ҷонибҳо вазъи ҳамкориҳоро бар асоси Созишномаи дар моҳи майи соли 2007 миёни палатаҳои савдою саноати Тоҷикистон ва вилояти Челябинск баимзорасида арзёбӣ намуда, оид ба зарурати таҳриру навсозии созишномаи номбурда, ба имзо расондану татбиқи амалии созишномаи такмилёфта, доир сохтани ҳамоиши дуҷонибаи соҳибкорӣ , роҳандозии мубодилаи мутақобилаи иттилооти мубрам дар бораи ҳаёту фаъолияти соҳибкорони Тоҷикистон ва вилояти Челябинск изҳори андешаю пешниҳод карданд.Дар мулоқот дар бораи ҷустуҷӯйи муштараки самтҳо ва шаклҳои нави хамкорӣ таклифҳо ба миён гузошта шуданд.Ҷонибҳо ба роҳандозии ҳамкории ҷонибайн ҷиҳати ҳалли мусбати масъала дар сатҳи федералии россиягӣ оид ба истифодаи имконоти палатаҳои савдою саноати субъектҳои Федератсияи Россия дар мавриди ба муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, омӯзондани забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Россия изҳори омодагӣ карданд.Дар ин қарина роҳбарони Палатаи савдою саноати Урали Ҷанубӣ ба Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Сайидзода, ҳамчун ба муаллиф-мураттиб, барои нашри нави китоби "Таърихи мухтасари Россия.Маводҳои маълумотномавӣ" изҳори сипос намуданд.
Дар поёни сафари корӣ ба шаҳри Челябинск Зафар Сайидзода ва Беҳрӯз Холиқов аз дафтари раиси ташкилоти ҷамъиятии минтақавии вилояти Челябинск «Маркази миллии фарҳангии тоҷикон "Сомониён"" Исломуддин Раҷабов дидан намуда, бо ӯ баъзе масъалаҳои мубрами ҳамдастию ҳамкориро дар маҷрои татбиқи амалии Нақшаи кории Шӯрои ҷамъиятии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург барои соли 2022 баррасӣ намуданд.