Иштирок ва суханронӣ дар конфронси сайёҳӣ
Шоми 21 феврали соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар конфронси «Ассотсиатсияи сайёҳии Урал – Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил», ки дар заминаи технопарки Донишгоҳи давлатии касбии омӯзгории Россия баргузор шуд, иштироку суханронӣ намуд. Дипломати тоҷик дар суханронии худ ба ҳозирин имконоту зарфияти соҳаи сайёҳии Тоҷикистони муосирро возеҳу равшан нишон дода, ба самтҳои судманду ояндадори ҳамкориҳо дар ин арса ишора намуд.
Дар конфронс модератори он--президенти Ассотсиатсияи сайёҳии Урал Михаил Малтсев--, иҷрокунандаи вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии касбии омӯзгории Россия, профессор Валерий Дубицкий, ноиби аввали ректори Донишгоҳи федералии Урал ба номи Борис Елтсин Дмитрий Бугров, консулҳои генералии ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар шаҳри Екатеринбург Абдусалом Ҳотамов ва Руслан Бийбосунов, раиси ҷамъияти диаспоравии гурҷиён дар вилояти Свердловск "Сакартвело" Нукрӣ Чавлеишвилӣ ва дигар ширкаткунандагон аз ҷумлаи намояндагони босалоҳияти ширкатҳои маҳаллии сайёҳӣ ва ҳавопаймоӣ суханронӣ карданд. Дар конфронс нисбат ба мавзӯъҳои марбут ба имкониятҳои сайёҳии минтақаи Урали Россия ва рӯйдодҳои асосии сайёҳӣ дар солҳои 2022 ва 2023, аз қабили намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳии «SUMMER» ва EXPOTRAVEL, Универсиада-2023 ва таҷлили 300-солагии шаҳри Екатеринбург, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Қабл аз оғози конфронс барои иштирокчиёни он дастовардҳои технопарки Донишгоҳи давлатии касбии омӯзгории Россия муаррифӣ гардид.
Пас аз конфронс Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Сайидзода бо и.в. ректори Донишгоҳи давлатии касбии омӯзгории Россия Валерий Дубицкий, ки ба ӯ китоби худро дар бораи таърихи Россия (дар шаҳри Екатеринбург дар моҳи декабри соли 2021 ба табъ расида буд) тақдим намуд, ҷанбаҳои мухталифи ҳамкориҳоро дар соҳаи таҳсилоти олӣ мавриди мубодилаи афкору андеша қарор дод.