25-26 феврали 2022 – тибқи Нақшаи кории Шӯрои ҷамъиятии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург барои соли 2022 ва супориши Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург -- ҳайати Консулгарӣ бо роҳбарии котиби дуюми он Субҳон Қурбонов (ҳамроҳи Шариф Сулаймонов) барои вохӯрӣ бо муҳоҷирон ва донишҷӯёни тоҷикистонӣ ба шаҳри Тюмен сафари корӣ анҷом дод. Бояд гуфт, ки аз ҷониби раиси ташкилоти ҷамъиятии миллии фарҳангии “Пайванд” дар шаҳри Тюмен Абдулло Каримов, ду ҳафта қабл аз ин, ҳам аз тариқи сомонаи интернетӣ ва ҳам аз тариқи шифоӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистони муқими вилояти Тюмен хабари баргузории вохӯрӣ расонида шуда буд.
Вохӯриҳо дар ду бахш сурат гирифта, дар аввал бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва баъдан бо донишҷӯёни мактабҳои олии шаҳри Тюмен роҷеъ ба масъалаҳои густаришу таҳкими рӯҳияи ватандӯстӣ, риояи қоидаҳои будубош ва қонунҳои кишвари иқомат, тарбияи ахлоқӣ додан ба фарзандон ва назорати ҳолати таҳсилу тарбияи онҳо дар макотиб, ҳифзу омӯзиши забонҳои модарӣ ва русӣ, ташкили барномаҳо ва ҷашнҳои фарҳангию варзишӣ, муқовимат бо зуҳуроти ифротгароӣ, терроризм, мубориза бо ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон ва инчунин дурӣ ҷӯстан аз ҳар гуна тазоҳуроти сиёсӣ суҳбати пурмуҳтавою муфиде баргузор гардид.
Дар фарҷоми вохӯрӣ шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандон, ки қаблан ба муассисаи консулӣ муроҷиат карда буданд,ба онҳо супорида шуданд.Шаҳрвандон барои ғамхорӣ ва инчунин барои овардани шиносномаҳояшон аз шаҳри Екатеринбург ба шаҳри Тюмен изҳори миннатдорӣ намуданд.