Суханронии табрикӣ дар Фестивали байналмилалии "Рӯзи забони модарӣ"

21.02.2022 14:22

Суханронии табрикӣ дар Фестивали байналмилалии "Рӯзи забони модарӣ"

21 феврали соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар маросими ифтитоҳи Фестивали байналмилалии «Рӯзи забони модарӣ», ки дар заминаи  Донишгоҳи давлатии омӯзгории Урал дар шакли маҷозӣ(видеоӣ)бар гузор шуд, суханронии шодбошӣ кард.

Муовини аввали Вазири маорифи Федератсияи Россия Александр Бугаев, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия дар шаҳри  Екатеринбург Александр Харлов, муовини Вазири робитаҳои байналмилалӣ ва хориҷии иқтисодии вилояти Свердловск Людмила Берг, сардори Консулгарии Ҷумҳурии Булғористон дар шаҳри  Екатеринбург Александр Ковачёв ва проректор оид ба фаъолияти маърифатии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Урал Маргарита Кусова низ суханронии табрикӣ намуданд.

Ҷашнвора бо флешмоби «Ман забони модарии худро дӯст медорам» оғоз шуда, бо барномаи консертӣ бо иштироки донишҷӯёни хориҷии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Урал ва меҳмонони даъватшуда анҷом ёфт.Аз Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба забони тоҷикӣ шеърҳоро донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Урал--шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Хоҷаев аз ёд хонд.

zabon-1.jpg

zabon-2.jpg

zabon-3.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg