Сафари корӣ ба шаҳраки Пышмаи вилояти Свердловск

17.02.2022 15:50

16 феврали соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода ба ҳавзаи шаҳрии Пышмаи  вилояти Свердловск сафари корӣ анҷом дод.Дар ин сафар ӯро намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Урали Федератсияи Россия Беҳрӯз Холиқов ва узви Шӯрои ҷамъиятии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Аҳлиддин Саидов ҳамроҳӣ намуданд.

 Дипломати тоҷик бо сарвари ҳавзаи шаҳрии  Пышма Виктор Соколов мулоқот карда, бо ӯ роҷеъ ба ҳамкорӣ дар мавриди беҳсозии  ҳаёту фаъолияти меҳнатии диаспораи маҳаллии тоҷикон ва мутобиқсозии иҷтимоӣ-фарҳангии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ин ҷо бо фаъолияти муваққатии меҳнатӣ машғуланд, табодули афкору андеша намуд.

 Пас аз вохӯрӣ бо сарвари ҳавзаи шаҳрӣ Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон -- дар толори Маркази маҳаллии фарҳанг --  дар кори  мизи мудаввар оид ба ҷанбаҳои гуногуни муҳими масъалаи беҳсозии муносибатҳои байнимиллию байнидинӣ дар ҷомеаи муосири россиягӣ, оид ба роҳу воситаҳои мубориза бо зуҳуроти ифротгароии динию сиёсӣ иштироку суханронӣ кард.Зафар Сайидзода дар суханронии худ як қатор далелҳои раднашавандаро оварда, аз ин тариқ исбот намуд: дар сурати ба сиёсат табдил ёфтани дин он моҳияту сифати худро гум мекунад;  паёми қуръонӣ  ҳама гуна иддаоро ба афзалияти мутлақи  динӣ раду маҳкум менамояд. Вай таъкид кард, ки дидгоҳи  таҳаммулпазиру  плюрастии Қуръони маҷид оид ба гуногунмазҳабии дунё ҳар гуна хушунатро дар масоили густариши имону эътиқод қатъан истисно мекунад. Дипломати тоҷик даъват ба амал овард, ки муҳтавои гуманистию башарпарваронаи таълимоти Қуръони маҷид дар ҷаҳони муосир ба таври фарох муаррифӣ шуда, қолабҳои бардурӯғ дар бораи гӯё бераҳму таҳаммулнопазир будани дини ислом фош гардида, торумори идеологии мутаассибон, зиёдаравон, ифротгароён ва террористоне, ки аз номи дини мубини ислом худро ҷилвагар месозанд, ҳатман анҷом дода шавад.

 Суханронии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби иштирокчиёни мизи мудаввар бо таваҷҷуҳи зиёд пазируфта шуд.Дар мизи мудаввар машваратчии шуъбаи Департаменти сиёсати дохилии вилояти Свердловск, номзади илмҳои фалсафа Павел Суслонов, намояндаи Епархияи Каменски Калисои православии рус Падар Стефан (Степан Козлов), раиси Идораи динии мусулмонони вилояти Свердловск — Муфтиёти марказӣ Абдулқуддус Ашарин суханрониҳои ҷолибу пурмуҳтаво карданд.

 Сарвари ҳавзаи шаҳрии Пышма Виктор Соколов суханронии пурмазмуни 
шодбошӣ намуд.

 Пас аз анҷоми мизи мудаввар иштирокчиёни он аз маъбади православӣ ба ифтихори Шаҳиди бузург Параскеваи Ҷумъа ва масҷиди "Рамазон" дар ноҳия ва шаҳраки Пышма дидан карданд.

 Дар масҷид Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Сайидзода -- дар ҳузури  сарвари ҳавзаи шаҳрии Пышма Виктор Соколов -- бо ҳамватанони худ, ки дар ин мавзеъ кору зиндагӣ мекунанд, суҳбати самимӣ анҷом дод.Дар ҷараёни ин гуфтугӯ, дар баробари дигар мавзӯъҳои мубраму муҳим, ба масъалаи дар кӯчаи маҳаллии ба номи В.Чапаев -- бо дастгирии маъмурияти давлатӣ -- сохтани бинои нави масҷид дахл карда шуд.

 Зафар Сайидзода зимни сафари кориаш ба ҳавзаи  шаҳрии Пышмаи вилояти Свердловск бо мухбири телевизиони маҳаллӣ мусоҳиба анҷом дод.

11.jpg

2222.jpg

333.jpg

44444.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg