11 феврали соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар ҷаласаи навбатии маҳфили дипломатии «Контекст», ки таҳти сарпарастии Маркази тадқиқоти аврупоиву осиёгии воқеъ дар шаҳри Екатеринбург баргузор гардид, дар шакли тамоси видеоӣ иштирок намуд.Дар ҷаласа роҳбарони муассисаҳои консулӣ ва консулҳои фахрии давлатҳои хориҷӣ, ки дар шаҳри Екатеринбург сабти ном шудаанд,ширкат варзиданд. Дар аснои муҳокимаи рӯйдодҳои асосии сиёсии дохилии вилояти Свердловск, тамоми минтақаи Урал ва дар Россия дар охири соли 2021 - ибтидои соли 2022 муовини аввали роҳбари Маъмурияти Губернатори вилояти Свердловск Владимир Дубичев , коршинос-таҳлилгари шинохта, доктори илмҳои фалсафа, профессор Анатолий Гагарин ва директори Маркази тадқиқоти аврупоиву осиёгии воқеъ дар шаҳри Екатеринбург Андрей Русаков фаъолона ибрози афкору андеша намуданд.Дар қисмати ниҳоии нишасти маҳфили дипломатӣ Андрей Русаков -- ба таври алоҳида -- ба Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштироки босамар дар чорабиниҳои коршиносони маҳаллӣ оид ба баррасии мавзӯъҳои марбут ба Афғонистони муосир ва масъалаҳои мубрами иҷтимоию сиёсии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар соли сипаригаштаи 2021 арзи сипос кард.