Шоми 2 феврали соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо президенти ташкилоти минтақавии вилояти Свердловск «Ҷамъияти гурҷиён «Сакартвело»» Нукрӣ Чавлеишвилӣ дар утоқи кориаш боздид намуд. Вохӯрие, ки дар фазои бисёр гарму дӯстона гузашт, бо табодули туҳфаҳои миллӣ оғоз ёфт. Мусоҳибон роҷеъ ба доираи васеи мавзӯъҳои таърихӣ, сиёсӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла таърих ва ҳаёти муосири халқҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, табодули афкори муфид намуданд. Хосса ба масъалаҳои таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории диаспораҳои миллии муқими вилояти Свердловск, аз ҷумла ҷамъиятҳои маҳаллии тоҷикону гурҷиён, ва ба он нақши мусбате, ки дар ин ҷода Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург бозида метавонад, таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Дар бораи дар соли равон гузарондани чорабинии муштарак бахшида ба иди бузурги Ғалабаи мардумони Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941—1945 паймон ҳосил гардид.
Дар мулоқот роҳбари созмони маҳаллии ҷамъиятии «Автономияи фарҳангию миллии молдаванӣ» Сергей Катсуба ва намояндагони доираҳои зиёии тоторҳои шаҳри Екатеринбург иштирок доштанд.