5 январи соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода - дар Китобхонаи универсалии илмии вилояти Свердловск ба номи В.Г.Белинский -- дар маросими рӯнамоии китоби арзишманди муовини аввали раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, директори Маркази миллӣ оид ба ҳуқуқи башари ин кишвар Акмал Саидов бо номи “Боғи Ғалаба:фалсафаи ҷасорат ва матонат” иштирок намуд.
Ин китоб ба ифтихори дар шаҳри Тошканд ифтитоҳ ёфтани Маҷмааи ёдгории "Боғи ғалаба" нашр шудааст.
Дар чаҳорчӯбаи ин чорабинӣ ҳамчунин намоиши филми бадеии “Ту ятим нестӣ” дар бораи оҳангари ӯзбекистонӣ Шоҳаҳмад Шоҳмаҳмудов ва ҳамсари ӯ Баҳрӣ Акрамова, ки дар овони душвору сангини Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ 14 нафар кӯдакону наврасони ятиму бепарастори мансуб ба миллатҳои гуногунро ба фарзандӣ хонда, ба воя расондаанд, баргузор шуд.
Маросими рӯнамоӣ, ки дар он муовини Губернатори вилояти Свердловск Василий Козлов ва намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Россия дар шаҳри Екатеринбург Александр Харлов иштирок доштанд, аз ҷониби Консулгарии генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Екатеринбург бо пуштибонии Ҳукумати вилояти Свердловск ташкил карда шуд.
Аз фурсати муносиб истифода бурда, дипломати тоҷик, ҳамчун туҳфа, ба муовини директори китобхонаи вилоятӣ Елена Гармс китоби таълимии мураттабшудаи хеш ва нависандаи тоҷик Воҳид Ғаффорӣ «Таърихи Россия дар баёни мухтасар. Маводҳои маълумотӣ»--ро, ки дар моҳи декабри соли 2021 бо дастгирии молиявии Хазинаи барномаҳои Губернатори вилояти Свердловск нашр шудааст, ҳадя намуд.