21-22 январи 2022 - бо супориши Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург - ҳайати Консулгарӣ бо роҳбарии котиби дуюми он Субҳон Қурбонов (бо ҳамроҳии ҳамкоронаш Беҳрӯз Қурбонов, Шокир Зоиров, Шариф Сулаймонов) барои қабули шаҳрвандон ҷиҳати таҳияи шиносномаи хориҷӣ ба шаҳри Тюмен сафари корӣ анҷом дод. Бояд гуфт, ки аз ҷониби раиси ташкилоти ҷамъиятии миллии фарҳангии “Пайванд” дар шаҳри Тюмен Абдулло Каримов, як ҳафта қабл аз ин, ҳам аз тариқи сомона ва ҳам аз тариқи шифоӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон хабари қабули муроҷиаткунандаҳо расонида шуда буд. Барои таҳияи шиноснома беш аз 60 шаҳрванди Тоҷикистон қабул гардида, ҳамзамон машваратҳои муфиди ҳуқуқӣ дода шуданд. Тамоми шаҳрвандон ба давлати Тоҷикистон барои ғамхорӣ ва хизматрасонии сайёр миннатдорӣ баён намуданд. Аксари муроҷиаткунандаҳо зимни изҳори миннатдорӣ аз сарфи вақту маблағ, раҳоӣ аз гирифтани иҷозати дурӯза аз ҷойи кор, зарурати таъмини нону об ва бо фарзандони хурдсол тай намудани масофаи беш аз 350 км.-ро тазаккур доданд. Тибқи дастури роҳбари Консулгарӣ, ба муроҷиаткунандаҳо расонида шуд, ки дар мавриди гирифтани шиносномаҳои тайёр низ сабукиҳо фароҳам оварда мешаванд. Шаҳрвандон метавонанд шиносномаҳои хориҷии хешро дар маркази ташкилоти ҷамъиятии миллии фарҳангии “Пайванд” дар шаҳри Тюмен (аз котиби дуюми Консулгарӣ Субҳон Қурбонов) дастрас намоянд. Консулгарӣ дар ҳавзааш иқдоми чунин сафарҳоро ҳар семоҳа ба роҳ хоҳад монд.