19-21 январи соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода ба шаҳри Тавдаи вилояти Свердловск сафари корӣ анҷом дод.Дар ин сафар ӯро намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Урал Беҳрӯз Холиқов ҳамроҳӣ намуд. 20 январи соли равон намояндагони расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарвари ҳавзаи шаҳрии Тавда Валентин Миронов ва раиси Думаи ин ҳавзаи шаҳрӣ Дмитрий Нохрин дар фазои дӯстонаю озод мулоқот намуда, бо онон масъалаҳои ҳамкориро оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн муфассал баррасӣ карданд. Баъд аз анҷоми вохӯрӣ дар толори бинои Маъмурияти ҳавзаи шаҳрии Тавда -- дар ҳузури намояндагони ҷавонони маҳаллӣ -- "мизи мудаввар" роҷеъ ба ҷанбаҳои мухталифи масъалаҳои мубориза бар зидди зуҳуроти ифротгароӣ ва беҳсозии муносиботи байнимиллию байнидинӣ дар доираи пружаи дорои аҳамияти иҷтимоӣ таҳти унвони «Урал -- сарзамини зодгоҳии ман» баргузор гардид.Дар ҷараёни муҳокимаи мавзӯи болозикр сарвари ҳавзаи шаҳрии Тавда Валентин Миронов, машваратчии шуъбаи муносибатҳои этноконфессиявӣ ва ташкили кор ба хотири ҷилавгирӣ аз экстремизми(ифротгароии) Департаменти сиёсати дохилии вилояти Свердловск, номзади илмҳои фалсафа Павел Суслонов, намояндагони маҳаллии Калисои православии рус Серафим (Шанин) ва Артемий, муфтии Муфтиёти марказии вилояти Свердловск Абдулқуддус Ашарин, имом-хатиби масҷиди шаҳри Тавда Абдулмуъмин, Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих Зафар Сайидзода ибрози андешаву пешниҳодот карданд.Суханронии дипломати тоҷик перомуни мавзӯи «мизи мудаввар» аз ҷониби ҳозирин бо таваҷҷуҳи хосса қабул карда шуд. Сарвари ҳавзаи шаҳрии Тавда Валентин Миронов намояндагони Тоҷикистонро бо сипосномаҳои худ қадру сарфароз намуд.Пас аз анҷоми "мизи мудаввар" иштироккунандагони он дар шаҳри Тавда аз маъбади православии рус ба ифтихори Николайи муъҷизакор ва аз масҷиди «Баракат» дидан карданд. Дар масҷид Зафар Сайидзода ва Беҳрӯз Холиқов бо ҳамватанони худ, ки дар шаҳри Тавда кору зиндагӣ мекунанд, дар ҳузури сарвари ҳавзаи шаҳрии Тавда Валентин Миронов ва ҳамкоронаш суҳбати муфиду самимӣ доштанд.