Мулоқот бо роҳбари ҷамъияти тоҷикистониёни ш.Лангепаси Югра

13.01.2022 15:14

12 январи соли 2022 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо роҳбари ташкилоти ҷамъиятии тоҷикистониён «Суғдиён»-и шаҳри Лангепаси Ҳавзаи мухтори Ханти-Мансийск-- Югра Майсара Ҳоҷибекова мулоқот намуд.Роҳбари созмони ҷамъиятии ҳамватанони шаҳри  Лангепас  ба дипломати тоҷик дар бораи корҳои муфиди  гуногунҷанбае, ки солҳои тӯлонӣ дар байни намояндагони  ҷамъияти  тоҷикистониён ва бо мақсади беҳсозии  шароити кору зиндагии муҳоҷирон аз Тоҷикистон, мутобиқшавии иҷтимоию фарҳангии онон ба воқеиятҳои ҷомеаи муосири россиягӣ  анҷом медиҳад, иттилои муфассал дод.Ҳамсуҳбатон таваҷҷуҳро ба масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар доираи татбиқи амалии  Нақшаи кории Шӯрои  ҷамъиятии назди  Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург, ки 8 январи соли 2022 қабул шудааст, тамаркуз намуданд.

muallima-yanvari-2022-2.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg