Консули генералии Тоҷикистон ва муфтии вилояти Свердловск масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд

12.01.2022 22:40

11 январи соли 2022 дар Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург мулоқоти роҳбари он Зафар Сайидзода бо раиси Идораи  динии (Муфтиёти марказии) мусулмонони вилояти Свердловск, муфтӣ Абдулқуддус Ашарин ва муовинаш, имом-хатиб Маҳмадюсуф Сандалов баргузор гардид.

 Дар ҷараёни  вохӯрӣ ҳамсуҳбатон натиҷаҳои ҳамкориро дар соли сипаригаштаи  2021 ҷамъбаст намуда, онро «хеле муваффақ» арзёбӣ намуданд ва ба ҷонибдории  идомаи ҳамкориҳо дар сатҳи баландтар, ба таври муназзам, бо  фарогирии тамоми қаламрави вилояти Свердловск изҳори назар карданд.  Дар ин пасманзар баъзе ҷанбаҳои тадорукӣ ва рӯзномаи мизи мудаввар оид ба мавзӯи  мубориза алайҳи  зуҳуроти ифротгароӣ ва терроризм дар лифофаи динӣ, беҳсозии муносибатҳои байнидинӣ ва байнимиллӣ, ки баргузориаш дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи нави фарохмиқёс таҳти унвони "Урал -- сарзамини зодгоҳии ман" дар оғози даҳаи сеюми моҳи январи соли равон дар ш.Тавда  ба нақша гирифта шудааст, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 Дар фарҷоми суҳбат муфтӣ Абдулқуддус Ашарин корманди техникӣ ва аксбардори гурӯҳи матбуотии Муассисаи консулии Тоҷикистон Мирзошариф Бобоевро -- барои ҳамкориҳои судманд дар соли 2021 --  шахсан бо Дипломи  Муфтиёти марказии мусулмонони вилояти Свердловск сарфароз гардонд.

mufti-yanvar-2022-1.jpg

mufti-2022-2-yanvar.jpg

mufti-yanvari-2022-3.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg