Шӯрои ҷамъиятӣ дар назди Консулгарии генералӣ нақшаи кориро барои соли 2022 тасдиқ кард

09.01.2022 20:07

8 январи соли 2022 дар толори Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ, ки дар назди ин муассисаи консулӣ чанд сол боз фаъолият дорад, баргузор гардид.

Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шӯрои ҷамъиятӣ Зафар Сайидзода ҷаласаро ифтитоҳ кард ва тамоми паҳлуҳои фаъолияти ин сохтори аз нигоҳи иҷтимоӣ муфидро дар ду соли охир ҷамъбаст намуда, ба ҳар як узви Шӯрои ҷамъиятӣ барои фаъолияти босамар ва масъулиятшиносии шахсӣ дар ҳалли мушкилоти мухталиф дар шароити сангину душвори ҳамагири «Ковид-19» изҳори сипос намуд.

Дар ҷаласа ҳайати нави Шӯрои ҷамъиятӣ интихоб шуд, ки ба он роҳбарони созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон, аз ҷумла донишҷӯёни минтақаи Урал, фаъолони ҷамъиятии диаспораи тоҷикон, имом-хатибони масҷидҳо, намояндагони ваколатдори мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гаштанд.

Нақшаи кории Шӯрои ҷамъиятӣ барои соли 2022, бо дарназардошти пешниҳодҳои нави дар ҷаласа баёнгардида, муфассал баррасӣ ва қабул гардид. Барои татбиқи он аз ҳисоби 16 нафар аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ - бо мақсади ҳалли масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистон ба минтақаи Урали Россия, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, оид ба беҳсозии муносибатҳои байни миллатҳо ва созмонҳои гуногуни динӣ, ҳамкорӣ бо боздоштгоҳҳои муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ ва муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар ҳавзаи консулӣ, рушду таҳкими ҳамаҷонибаи диаспораи тоҷикон дар Урал, муқовимат бо зуҳуроти ифротгароӣ, терроризм, мубориза бо ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон, гузаронидани корҳои тарбиявӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ, ҳифзу густариши забонҳои модарӣ ва русӣ,арзишҳо ва дастовардҳои фарҳанги миллӣ дар байни насли ҷавони диаспораи тоҷик, мусоидат ба рушди робитаҳои байниминтақавии тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарии Тоҷикистону Россия ва ба хамкории созанда хамчун шарики рушди Тоҷикистон ҷалб намудани соҳибкорони маҳаллии тоҷик, афзоиши фаъолияти иттилоотии созмонҳои ҷамъиятии маҳаллии тоҷикон дар фазои расонаӣ, аз ҷумла дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ, – гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуданд.

Ба ин мавзӯъҳо ва ба дигар масъалаҳое, ки аз Паёми декабрии соли гузаштаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони кишвар бармеоянд, аз ҷумла, дар суханронии муовини раиси Шӯрои ҷамъиятӣ, намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Урал Беҳрӯз Холиқов дахл карда шуд.

Ходими фаъолу шинохтаи диаспораи тоҷикон дар вилояти Свердловск Ёқуб Умаров муовини аввали раиси Шӯрои ҷамъиятӣ ва корманди дипломатӣ Субҳон Қурбонов котиби ин сохтори ҷамъиятии назди Консулгарии генералӣ интихоб шуданд.

Дар ҷараёни ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ роҷеъ ба масъалаҳои марбут ба ҳаёту фаъолияти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар макони кор, зарурати аз ҷониби онҳо риоя шудани қонунгузории россиягӣ ва ҳамеша зоҳир гардидани муносиботи эҳтиромона нисбат ба фарҳангу суннатҳои мардуми бумии (маҳаллии) кишвари иқомат, дурӣ ҷӯстан аз ҳизбу ҷунбишҳои номатлуб ва гурӯҳҳои террористиву ифродгаро, бо овардани мисолҳои мушаххас, ибрози андеша гардид. Қайд гардид, ки, мутаассифона, вақтҳои охир зуҳуроти номатлуб дар рафтору кирдори бархе аз ҷавонони тоҷики муқими Россия, аз ҷумла муқими минтақаи Урал, ба мушоҳида мерасад.

Аз ҷумла иброз гардид, ки дар давоми 6 моҳи охир аз тарафи мақомоти қудратии Федератсияи Россия 5 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон боздошт гардиданд, ки мақсади анҷом додани амалҳои террористиро дар ҷойҳои алоҳидаи шаҳри Екатеринбург дар нақша доштанд. Ба ҳамин монанд ду нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тюмен аз тарафи мақомоти қудратии ин вилоят безарар гардонида шуданд, ки - бино бар гузориши расмии ин сохторҳои россиягӣ - нафарони болозикр мақсади дар ин шаҳр анҷом додани якчанд инфиҷорро доштанд.

Тазаккур дода шуд, ки гурӯҳҳои зиддидавлатии хатарзо, аз қабили ташкилоти террористии «Ҳизби наҳзати ислом» ва созмони ифротии «Гурӯҳи 24», пайваста аз тариқи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ фаъолияти таблиғотии муғризонаю иғвоангези худро пиёда намуда, ҷавонони ноогоҳу зудбоварро гумроҳ месозанд ва онҳоро барои содир намудани амалҳои барои ҷомеа хатарнок водор менамоянд.Ин қабил амалҳои зишту ғайриинсонӣ, ки ҳаргиз қобили омурзиш нестанд, якдилона маҳкум карда шуданд.

jalasa-diaspora-1.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg