Шоми 30 декабри соли 2021 дар қароргоҳи Идораи мусулмонони вилояти Свердловск (Муфтиёти марказӣ) ҷаласаи кории роҳбарияти Муфтиёт бо шариконаш оид ба баррасии лоиҳаи нави калон таҳти унвони «Урал – сарзамини зодгоҳи ман», ки дар тӯли соли 2022 амалӣ карда мешавад,баргузор гардид.
Муфтӣ Абдулқуддус Ашарин ба ҳозирон изҳор дошт, ки лоиҳа ба муборизаи муассиртар алайҳи зуҳуроти ифротгароӣ, беҳсозии муносибатҳои байнимазҳабӣ ва байнимиллӣ дар қаламрави вилояти Свердловск нигаронида шудааст.Ҳар моҳ дар яке аз шаҳрҳои вилоят бо иштироки ходимони конфессияҳои суннатӣ, намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва маҳаллӣ, иттиҳодияҳои миллию фарҳангӣ ва дигар созмонҳои ҷамъиятӣ мизи мудаввар баргузор мешавад. Зимни мизҳои мудаввар таҳдидҳои воқеӣ ба пойдории муносибатҳои ҳасанаи миллию конфессиявӣ ва чораҳои рафъи ин таҳдидҳо баррасӣ мешаванд.
Чорабиниҳои лоиҳа дар ҳудуди ҳавзаҳои шаҳрию ноҳияҳои мунитсипалии Камишловский, Пишминский, Артинский, Верхнесалдинский, Шалинский, Ревдинский, Ирбитский, инчунин дар шаҳри Екатеринбург баргузор мешаванд.
Шарикони лоиҳа раиси Маҷлиси қонунгузории вилояти Свердловск Людмила Бабушкина, Департаменти сиёсати дохилии вилояти Свердловск ва Департаменти робита бо ҷомеаи маъмурияти шаҳри Екатеринбург хоҳанд буд.Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода ва намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Урали Россия Беҳрӯз Холиқов, ки дар ҷаласа ҳузур доштанд, изҳори омодагӣ ба пуштибонии лоиҳа ва иштироки шахсӣ дар чорабиниҳои он намуданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ Муфтӣ Абдулқуддус Ашарин ва Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода ба шарикони худ, ки дар соли 2021 дар арсаи беҳсозии муносибатҳои байнимиллӣ ва байнимазҳабӣ, густариши ризоияти ҷамъиятӣ фаъолона ҳамкорӣ кардаанд, сипосномаҳо ва туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуданд.