21 декабри соли 2021 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо муовини Вазири рушди иқтисоди вилояти Челябински Федератсияи Россия Дмитрий Глухарёв мулоқот намуд. Мусоҳибон ҳамдигарро бо фарорасии Соли нави 2022 табрику таҳният гуфтанд. Ҳангоми баррасии масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодии байниминтақавӣ бо қаноатмандӣ тазаккур ёфт, ки лоиҳаи Созишнома миёни вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Челябински Федератсияи Россия оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ-қабл аз баимзорасӣ дар соли нав-дар марҳалаи мувофиқатсозӣ қарор дорад. Андешаи яксон роҷеъ ба пайдо шудани зарурати дар ояндаи наздик омода ва қабул намудани "Харитаи роҳ" оид ба густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба миёни вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Челябински Федератсияи Россия, ки чанд сол қабл Созишномаи қолабиро оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ ба имзо расонда буданд,баён гардид. Созишномаи мазкур бояд мавриди татбиқи амалӣ қарор дода шавад. Дипломати тоҷик аз ҷараёни омӯзиши дархости ширкати маъруфи тоҷик «Талко» ( ҷониби истеҳсолкунандагони челябинскӣ) оид ба интиқоли қубурҳои пӯлодии истеҳсоли корхонаи изолятории Урали Чанубӣ ба Тоҷикистон пурсон шуд.Суҳбат дар фазои дустӣ ва рӯҳияи созандагӣ сурат гирифт.