20 декабри соли 2021 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо раиси Палатаи савдою саноати Урал Андрей Беседин, ки дипломати тоҷикро бо 60-ин зодрӯзаш табрик намуда,унвониаш беҳтарин таманниётро иброз дошт, мулоқот кард. Тазаккур ёфт, ки равобити дарозмуддати шариконаю дӯстона, ки миёни Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург ва Палатаи савдо ва саноати Урал шакл гирифтааст, ба ҷонибҳо имкон медиҳад, ки нисбати оянда хушбин бошанд ва ба хотири рушду тавсеаи муносибатҳои байниминтақавии дарозмуддат, гуногунсоҳа ва ба ҳамдигар фоидабахш саъю талош кунанд. "Мо ба сатҳу муҳтавои ҳамкориҳои ҷонибайн баҳои баланд медиҳем ва ба идомаи пурсамари он дар оянда самимона умедворем", - таъкид кард Андрей Беседин. Дар ин пасманзар дипломати тоҷик таъини раиси созмони ҷамъиятии минтақавии тоҷикон "Сомониён"-и вилояти Челябинск Исломуддин Раҷабовро моҳи апрели соли 2021 ба мақоми намояндаи расмии Палатаи савдою саноати Тоҷикистон дар тамоми минтақаи Урал ба таври мусбат арзёбӣ кард. Суҳбат,ки дар он мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва байниминтақавии Палатаи савдою саноати Урал Ольга Малик иштирок дошт, дар фазои дӯстона гузашт.