16 декабри соли 2021 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар чорабинии онлайнӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати вилояти Челябински Федератсияи Россия барои корпуси дипломатии маҳаллӣ ба муносибати таҷлили Соли нави 2022 баргузор карда шуд, иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар чорабинии онлайнӣ Губернатори вилояти Челябинск Алексей Текслер бо сухани ифтитоҳӣ баромад кард ва пас аз он филми видеоӣ дар бораи вилояти Челябинск намоиш дода шуд.
Суханронии муовини Губернатори вилояти Челябинск Егор Ковальчук, ки ба ҳайси модератор чорабинии онлайниро мебурд, ба вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо бахшида шуда буд.
Намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Россия дар ш.Екатеринбург Александр Харлов, Консули генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ш. Екатеринбург Абдусалом Ҳотамов, Консули фахрии Ҷумҳурии Италия дар вилояти Челябинск Антонио Пикколи, Консули генералии Ҷумҳурии Чехия дар ш.Екатеринбург Силвиа Шимковичова, Консули генералии Ҷумҳурии Қирғизистон дар ш. Екатеринбург Руслан Бийбосунов, роҳбари шуъбачаи екатеринбургии Сафорати Ҷумҳурии Беларус дар Федератсияи Россия Виталий Войтик суханрониҳои ҷолибу пурмуҳтавои шодбошӣ намуданд.
Дипломати тоҷик дар суханронии табрикии худ изҳори умедворӣ кард, ки сатҳи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи мутақобилан судманди байниминтақавии Тоҷикистон ва вилояти Челябински Федератсияи Россия дар соли 2022 ва солҳои минбаъда ба зинаҳои баландтар хоҳад расид.