Мулоқот бо намояндаи Созмони байналмилалӣ оид ба муҳоҷират

14.12.2021 13:24

13 декабри соли 2021 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар дафтари  кории худ бо роҳбари намояндагии Агентии муҳоҷирати СММ (СБМ) дар Федератсияи Россия (ш.Москва) Абдусаттор Эсоев мулоқот анҷом дод. Дар суҳбат роҳбари ташкилоти ҷамъиятии вилояти Свердловск "Хонаи Урал" Леонид Гришин ва ҳамтои ӯ Рафаэл Серожидинов иштирок намуданд. Мусоҳибон ба таври созанда масъалаҳои мубрами ҳамкориро дар соли нави 2022 баррасӣ карданд. Дар ин пасманзар таваҷҷуҳи онҳо ба мавзӯи  татбиқи амалии лоиҳаи Агентӣ оид ба пешбурди муҳоҷирати қонунӣ ва соҳибихтисос дар долони  «Осиёи Марказӣ—Россия» бештар равона гардид.Вохурӣ дар фазои  дӯстона сурат гирифт.

IMG-20211213-WA0007.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg