2 декабри соли 2021 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар Конфронси 8-уми илмию амалии байниминтақавии «Хонишҳои фахриддиновӣ» дар мавзӯи «Ташкилотҳои динии мусулмонон дар муқовимат ба ифротгароӣ ва таҳаммулнопазирӣ», ки дар масҷиди «Медная» ба номи Имом Исмоил ал-Бухории шаҳри Верхняя Пышмаи вилояти Свердловск баргузор шуд, иштироку суханронӣ намуд. Конфронс бо ибтикору талоши Раёсати динии мусулмонони Федератсияи Россия, Донишкадаи исломии Москва ва Раёсати динии мусулмонони вилояти Свердловск (Муҳтасиботи Урал) доир карда шуда, аз ҷумла, ба 20-солагии масҷиди « Медная» ба номи Имом Исмоил ал-Бухорӣ дар шаҳри Верхняя Пышма, инчунин ба 5-солагии таъсис ёфтани Раёсати динии мусулмонони вилояти Свердловск (Муҳтасиботи Урал) бахшида шудааст. Дар баргузории Конфронс Хазинаи пуштибонии фарҳанг, илм ва маорифи исломӣ низ - дар чаҳорчӯбаи таҷлили 1100-солагии интишори расмии ислом дар миёни мардумони Булғорияи Волга - саҳм гирифтааст. Дар конфронс дипломатҳо, сиёсатшиносон, ҷомеашиносон, ҳомиёни ҳуқуқи башар, ҳуқуқшиносон ва рӯзноманигороне ширкат варзиданд, ки манфиатҳои касбиашон ҳамкориро бо созмонҳои динии мусулмонӣ ва пажӯҳишро дар масоили некуаҳволии ҷомеа, амният ва ваҳдати миллӣ фарогиранд. Суханронии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар «Хонишҳои фахриддиновӣ» боиси таваҷҷуҳи назарраси иштирокчиёни Конфронс гашта, созмондиҳандагонаш онро ҳамчун «суханронии ҷолибу пурмуҳтаво» тавсиф доданд.

