25 ноябри соли 2021 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода ва намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Урал Беҳрӯз Холиқов дар шаҳри Челябинск, дар бинои таълимии «Сигма»-и Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ, дар ҷамъбасти озмуни лоиҳаҳои маърифатии насли навраси муҳоҷирон бо номи «Берёзка» иштирок намуданд. Озмун дар доираи барномаи мақсадноки «Таъмини илмию методӣ, методӣ ва кадрии таълими забони русӣ ва забонҳои мардумони Федератсияи Россия»-и зербарномаи «Такмили идоракунии низоми маориф»-и барномаи давлатии «Рушди маориф»-и Вазорати маорифи Федератсияи Россия баргузор шуд. Бо хоҳиши раиси Кумитаи тадорукоти озмун Людмила Шестакова, Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Сайидзода дар ин чорабинӣ суханронӣ намуда, ба ҷонибдории идомаи таҷрибаи пурсамари баргузории чунин чорабиниҳои маърифатӣ изҳори назар намуд, зеро онҳо дар пешбурди равандхои мутобиқшавии ичтимоию фарҳангӣ ва иҷтимоишавии наслҳои ҷавони муҳоҷирон, аз ҷумла аз Тоҷикистон, дар шароити ҷомеаи муосири Россия нақши мусбат доранд. Дар миёни ғолибони озмун мактаббачагони россиягии миллаташон тоҷик хеле зиёд буданд. Онҳо ва ғолибони дигари озмунро Зафар Сайидзода, Беҳрӯз Холиқов ва раиси созмони ҷамъиятии минтақавии тоҷикистониёни вилояти Челябинск «Сомониён» Исломуддин Раҷабов самимона табрик карданд. Қабл аз баргузории ин чорабинӣ Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо хабарнигорони бахши барномаҳои иттилоотии шабакаи федеролии телевизионии «Россия-1» дар вилояти Челябинск ва студияи телевизионии Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ мусоҳибаи матбуотӣ анҷом дод.