24 ноябри соли 2021 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар мизи мудаввар оид ба мавзӯи «Амният дар Осиёи Миёна — баъди 30 сол» иштирок намуд. Ҳадафи ин чорабинӣ баррасии чолишҳои кунунӣ ва омилҳои эҳтимолии эҷоди бесуботӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, имконоти заиф гардондани онҳо ва ҳамкории коршиносон барои кашфи равишҳо ҷиҳати ҳалли онҳо мебошанд. Мизи мудавварро Маркази тадқиқоти глобалӣ ва равобити байналмилалии Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Россия, Маркази тадқиқоти аврупоиву осиёгӣ дар шаҳри Екатеринбург, Маҳфили бишкекии минтақавии коршиносон «Пикир»,Портали иттилоотии «News-Asia» ташкил карданд.Иштироккунандагони мизи мудаввар чунин мавзӯъҳоро,ба монанди "Таҳдидҳои беруна ба минтақаи Осиёи Марказӣ: омили Афғонистон ҳамчун манбаи асосии бесуботӣ",«Хатарҳои дохилии бесуботӣ (ҳамагир (пандемия) ва мубориза бо оқибатҳои ичтимоию иктисодии он)», «Интихоботи дар пешистодаи парлумони Қирғизистон» ва ғайра, мавриди мубодилаи афкор қарор доданд. Модератори мизи мудаввар директори Маркази екатеринбургии тадқиқоти аврупоиву осиёгӣ дар шаҳри Екатеринбург Андрей Русаков буд. Мизи мудаввар дар шаҳри Екатеринбург, дар толори конфронсҳои Маркази такмили босуръати ихтисоси вилояти Свердловск баргузор гардид.Баъзе иштирокчиёни мизи мудаввар ба кори он дар шакли онлайн ҳамроҳ шуданд.Ба ин чорабинӣ намояндагони расонаҳои россиягию хориҷӣ низ аз тариқи онлайн даъват шудаанд.