23 ноябри соли 2021 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар шакли видеоӣ дар маросими ифтитоҳи Ҳамоиши байналмилалии илмӣ-маърифатӣ-бахшида ба 30-умин солгарди истиқлоли кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ-дар мавзӯи «Самтҳои стратегии рушди Осиёи Марказӣ: таърих, трендҳо ва дурнамо» иштирок намуд ва дар ҷаласаи ифтитоҳии он роҷеъ ба баъзе масъалаҳои мубрами муҳоҷирати меҳнатӣ маърӯза кард.Ҳамоиши байналмилалӣ дар шаҳри Екатеринбург таҳти сарпарастии Ҳукумати вилояти Свердловск, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Урал ва Донишгоҳи федералии Урал ба номи Президенти нахустини Россия Б.Н.Елтсин аз 23 то 25 ноябри соли ҷорӣ баргузор мешавад. Ҳадаф аз баргузории Форум баррасии самтҳои асосии ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Россия дар соҳаи илму маориф, пешбурди тадқиқоти илмию амалии дорои хислати иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ, инчунин рушди муколамаи байнифарҳангӣ дар маҷрои манфиатҳои халқҳои муқими минтақаи Осиёи Марказӣ мебошанд. Дар чаҳорчӯбаи Ҳамоиш ҷаласаҳо аз рӯйи мавзӯҳои мухталиф, мунозираҳои панелӣ, корпояҳои интерактивӣ ва мизҳои мудаввар сурат мегиранд. Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург олимону коршиносони Тоҷикистонро барои иштирок дар Форум ҷалб намуд. Натиҷаҳои Ҳамоиши байналмилалӣ дар китоб-маҷмӯаи маводҳои он- инъикос хоҳад ёфт.
