Шоми 19 ноябри соли 2021 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар утоқи кориаш бо рӯзноманигор ва публисисти шинохтаи тоҷик Талабшо Холиқзод, ки муаллифи китоби дуҷилдаи « Тоҷикон дар Россия» мебошад, мулоқот намуд. Талабшо Ҳоликзод дар ҷараёни таълифи китоби номбурда тайи 20 соли ахир аз 868 шаҳри Россия дидан ва беш аз 1370 шабонарӯзро дар қатораҳои россиягӣ сипарӣ кардааст. Ҳоло ӯ ҷилди сеюми асари худро иншо менамояд. Зимни суҳбат дипломат ва рӯзноманигори тоҷик баъзе паҳлуҳои ҳамкориро дар самти инъикосу таҳқиқи рӯзгор ва фаъолияти судманди тоҷикони муқими минтақаи Урали Россия баррасӣ намуданд. Талабшо Холиқзод ба Зафар Сайидзода барои омодагӣ ба мусоидат дар амалисозии нақшаҳои эҷодиаш изҳори сипос намуд.
