Сипоснома

16.11.2021 14:32

16 ноябри соли 2021 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода аз Виктор Кокшаров, ректори Донишгоҳи федералии Урал ба номи Президенти нахустини Россия Б.Н.Елтсин, нома гирифт.  Ректори ин Донишгоҳ  дар номаи худ ба дипломати тоҷик барои мусоидат дар ташкилу баргузории чорабиниҳои ҳайати Донишгоҳ, аз ҷумла дар фазои иттилоотӣ, дар доираи сафараш ба Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар Анҷумани 6-уми омӯзгорон ва кормандони соҳаи маорифи  кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар давраи аз 27 то 29 октябри соли 2021 изҳори сипос кардааст. Виктор Кокшаров сафари моҳи октябри ҳайати Донишгоҳи федералии Уралро ба Тоҷикистон ба хотири таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо макотиби олӣ ва мақомоти давлатии  он  дар арсаҳои  илму маориф як иқдоми муҳиме  номид.  Вай изҳори итминон кард, ки робитаҳои  дӯстонаи Донишгоҳи федералии Урал бо шарикони тоҷикистониаш минбаъд низ ба нафъи ду мамлакат бомуваффақият ва самарабахш рушду  тавсеа хоҳанд  ёфт.

IMG-20211112-WA0038-1.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg