Иштирок дар кори мизи мудаввар

12.11.2021 12:45

Дар нимаи  дуюми рӯзи 12 ноябри соли 2021 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар мулоқот-мизи мудаввар, ки онро дар шакли ширкати бевосита ва маҷозӣ Консулгарии генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Екатеринбург ташкил намуд, иштирок ва суханронӣ кард. Мизи мудаввар ба мавзӯи марбут ба натиҷаҳои интихоботи ба қарибӣ суратгирифтаи  Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дурнамои рушди муносиботи ҳамкорӣ  миёни Россия ва Ӯзбекистон бахшида шуда буд.Дар ин мубодилаи муфиди афкору андеша Консули генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Екатеринбург Абдусалом Ҳотамов, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Свердловск Татьяна Мерзлякова, роҳбари воҳиди сохтории  Вазорати робитаҳои байналмилалӣ ва хориҷии иқтисодии вилояти Свердловск  Олег Александрин, роҳбари Маркази екатеринбургии тадқиқоти аврупоию осиёӣ Андрей Русаков, ҳамкори вай Ольга Малик, намояндагони баландпояи Донишкадаи тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон  низ фаъолона иштирок намуданд.

IMG-20211112-WA0031.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg