12 ноябри соли 2021 дар қасри «Наврӯз»-и шаҳри Душанбе таҳти сарпарастии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи «Арзёбии дастовардҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи 30 соли истиқлоли давлатӣ» баргузор гардид. Ин чорабинӣ аз ҷаласаҳои ифтитоҳӣ, якум ва дуюм иборат буд. Дар ҷаласаи якуми конфронс дар шакли онлайн Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург, доктори илмҳои таърих Зафар Сайидзода маърӯзаи илмӣ намуд. Дар он дипломат ва олими тоҷик аз нигоҳи назариявӣ нақши барҷастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун роҳбар ва асосгузори сиёсати хориҷии давлати муосири соҳибистиқлоли Тоҷикистон асоснок кард. Модератори конфронс муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ Парвиз Муҳаммадзода буд. Дар ҷаласаи ифтитоҳии конфронс директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ, мушовири бахши ёвари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба робитаҳои хориҷӣ Фаррух Умарзода, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим, собиқ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва собиқ дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай, доктори илмҳои сиёсӣ Рашид Олимов суханронӣ карданд.