Вохӯрии муфид бо Вазири вилояти Свердловск

11.11.2021 14:09

11 ноябри соли 2021 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо Вазири равобити байналмилалӣ ва иқтисодии хориҷии вилояти Свердловск Василий Козлов мулоқот намуд.  Зимни вохӯрӣ дар рӯҳияи созанда масъалаҳои мубрами ҳамкориҳо, аз ҷумла оид ба пешбурди раванди эмкунии зиддиковидии муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон ва беҳбуди шароити мутобиқшавии иҷтимоию фарҳангии онҳо ба шароити ҷомеаи Россия бо низоми арзишҳояш, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Зарурати идомаи пайвастаи талошҳои ҷонибайн ҷиҳати ба сатҳи сифатан нав ва баландтар гузаронидани робитаҳои байниминтақавии Тоҷикистон ва вилояти Свердловск дар тамоми арсаҳои манофеи ба ҳам мувофиқ таъкид гардид. Дипломати тоҷик ба Василий Козлов барои омодагӣ ба ҳамкорӣ  ҷиҳати истифодаи эҳтимолии Тоҷикистон аз таҷрибаи муваффақонаи вилояти Свердловск оид ба эҷоду роҳандозии системаи автоматикунонидашудаи иттилоотӣ таҳти унвони «Мониторинги минтақавии акушерӣ» изҳори сипос намуд. Дар робита зикр гардид, ки ҳадафи асосии системаи номбурда пешгирии марги  занони ҳомиладор бо сабабҳои идорашаванда, коҳиш додани фавтҳои перинаталӣ тавассути мониторинги фаъол  мебошад.  Дар фарҷоми вохӯрӣ Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Сайидзода  Вазири равобити байналмилалӣ ва иқтисодии хориҷии вилояти Свердловск Василий Козловро бо Ифтихорномаи муассисаи консулӣ  барои мусоидати фаъолонаи шахсӣ ба рушду таҳкими  муносибатҳои дӯстию ёрии ҳамдигарӣ, ҳамкориҳои мутақобилан судманд, шарикии стратегӣ ва иттифоқчигии Тоҷикистону Россия қадр намуд.

IMG-20211111-WA0022.jpg

IMG-20211111-WA0017.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg