Дар ш.Екатеринбург Маҷмаи исломӣ бунёд хоҳад ёфт

04.11.2021 12:23

Нимаи дуюми рӯзи 3 ноябри соли 2021 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода, раиси Идораи рӯҳонии мусулмонон – Муфтиёти марказии мусулмонони вилояти Свердловск, муфтӣ Абдулқуддус Ашарин, ёварони ӯ хоҷа Иброҳим Ёқубов ва имом-муҳтасиб Мирзо Назаров, муовини роҳбари департаменти робитаҳои ҷамъиятии Маъмурияти шаҳри Екатеринбург Егор Некрасов аз майдони 8-гектараи сохтмони Маҷмаи  исломӣ дар ҳудуди пойтахти уралӣ дидан карданд.  Маҷмаи мазкур аз масҷиди ҷомеъ, мадраса ва бинои Идораи рӯҳонии мусулмонон -  Муфтиёти марказии вилояти Свердловск иборат хоҳад буд.  Сохтмони он - тибқи лоиҳаи тасдиқшуда - бояд баҳори соли 2022  аз ҳисоби маблағҳои сарпарастон  оғоз шавад. Дар ҳоли ҳозир ҷамъоварии маблағҳои сарпарастӣ барои татбиқи лоиҳаи мазкур идома дорад.  Шахсони дар боло зикршуда қитъаи барои сохтмон ҷудокардаи мақомоти маҳаллии давлатиро аз назар гузаронида, баҳри  бомуваффақият бунёд ёфтани Маҷмаи исломӣ дар шаҳри Екатеринбург дасти дуои нек бардоштанд.  Пас аз боздид аз майдони сохтмони оянда Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода муовини сардори департаменти  робита бо ҷомеаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Екатеринбург Егор Некрасов ва котиби масъули шуъбачаи верхисетии ҳизби россиягии «Единая Россия»  Александр Коткинро  барои мусоидати  фаъолона ба  рушду таҳкими муносибатҳои дӯстӣ, ёрии ҳамдигарӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Россия бо Ифтихорномаи муассисаи консулӣ сарфароз гардонд.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg