Тавре ки қаблан хабар дода будем, 29 сентябри соли 2021 дар шаҳри Челябински Федератсияи Россия Форуми дуюми сарони минтақаҳои кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардида буд. Дар ин чорабинӣ намояндагони минтақаҳои ҳамаи кишварҳои СҲШ иштирок карданд. Дар доираи Форум оид ба масъалаҳои туризм, логистика ва кишоварзӣ ҷаласаҳои алоҳидаи ихтисосӣ, ҳамоиши соҳибкорон ва ҷаласаи пленарӣ баргузор гардида буданд. Дар робита ба иштироки Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар ин чорабинии байнидавлатӣ унвонии ӯ номаи муовини Губернатори вилояти Челябински Федератсияи Россия Егор Ковальчук ирсол гардид. Дар ин нома, аз ҷумла, омадааст: "Ман барои иштироки бевоситаатон дар баргузории Форум, суханронии пурмазмунатон дар ҷаласаи ихтисосии он, барои саҳматон дар таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории боэътимод бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои таваҷҷуҳатон ба рушди робитаҳои судманди байниминтақавӣ ба хотири пешбурди ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва гуманитарӣ дар доираи СҲШ, таҳкими ҳамсоягии неки мардумони кишварҳои аъзои иттиҳодияи байнидавлатӣ ба Шумо арзи сипоси амиқу самимӣ менамоям.»