Суҳбат бо аҳли масҷид дар маросими бахшида ба рӯзи мавлуди Паёмбари ислом

17.10.2021 12:26

Бегоҳирӯзии 17 октябри соли 2021 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода ва намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Урал Беҳрӯз Холиқов ба масҷиди ҷомеи  ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа воқеъ дар кӯчаи ба номи Илья Репини пойтахти уралӣ  омада, садҳо ибодатгаронро, ки аксарияташон тоҷикистониён мебошанд, бо рӯзи мавлуди Паёмбари ислом сидқан табрику таҳният гуфтанд. Дар суханрониҳои Зафар Сайидзода ва Беҳрӯз Холиқов дар бораи дастовардҳои калону назарраси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаҳои густариши фарҳанги асили исломӣ ва  пешбурди сиёсати муосири давлатӣ дар соҳаи муносибот бо ташкилотҳои динӣ дар 15 соли охир  ва  дигар масъалаҳои мубрами ҳаёти маънавӣ изҳори назару арзёбӣ  карда шуд.

Дар ҳузури иштирокдорони намозу маросими фархунда  дар мавзӯоти  вобаста ба зарурати риояи қонунгузорӣ  ва муносибати эҳтиромона нисбат ба фарҳангу  суннатҳои  мардуми бумии (маҳаллии) кишвари иқомат, дурӣ ҷӯстан аз ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ва гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, бо овардани мисолҳои мушаххас, ибрози андеша гардид.

Тазаккур дода шуд, ки ин қабил гурӯҳҳои номатлубу хатарзо  пайваста аз тариқи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ  фаъолияти таблиғотии муғризонаю  иғвоангези худро пиёда  намуда, ҷавонони ноогоҳу зудбоварро гумроҳ месозанд ва онҳоро барои содир намудани амалҳои террористиву экстремистӣ водор менамоянд. Ин қабил амалҳои зишту ғайриинсонӣ, ки ҳаргиз қобили омурзиш буда наметавонанд, дар мисоли ҳаводиси моҳҳои охир дар кишвари ноороми  ба мо ҳамсоя -- Афғонистон --, ки имрӯзҳо ба лонаи тамоми ҷунбишу  гурӯҳҳои террористии фаромиллӣ табдил ёфтааст, маҳкум карда шуданд. Зикр гардид, ки ин гуна вазъи хатарнок  дар наздикии марзи давлатии  Тоҷикистон аз афзун гаштани таҳдиду хатарҳо ба амнияти  Ватани азизамон -- Тоҷикистон -- дарак медиҳад ва  аз  ҳамаи шаҳрвандони он ҳушёриву зиракии сиёсии бештарро тақозо менамояд. Имом--хатиби  масҷид домулло Раҳмуддин Ғиёсов ба Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи Вазорати, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи ибодатгарони ҳамватан Қуръони маҷидро туҳфа намуд.

IMG-20211017-WA0014.jpg

IMG-20211017-WA0023.jpg

IMG-20211017-WA0017.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg