5 октябри соли 2021 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо ёвари намояндаи Ҳукумат ва Муфтиёти Ҷумҳурии Доғистон дар вилоятҳои Свердловск ва Қурғони Федератсияи Россия Камолиддин Расулов мулоқот намуд. Дар ҷараёни суҳбати муфид доираи васеи мавзӯоти мубрам мавриди мубодилаи андеша қарор гирифт.Таваҷҷуҳи асосӣ ба масъалаҳои роҳандозии ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистону Доғистон, мубодилаи таҷрибаи мусбат дар соҳаҳои тарбияи маънавию ахлоқии аҳолӣ, хусусан насли ҷавон, ва татбиқи усули озодии виҷдон, инчунин дар арсаи муносиботи давлату ташкилотҳои динӣ дода шуд. Дипломати тоҷикистонӣ даъватномаро барои иштирок дар чорабинии қарибулвуқӯи тантанавию маърифатӣ бахшида ба рӯзи мавлуди Паёмбари ислом дар шаҳри Екатеринбург бо камоли сипосмандӣ қабул намуд. Вохӯрӣ,ки бо иштироки имоми масҷиди Муфтиёти марказии мусулмонони вилояти Свердловск Муҳаммадюсуф Сандалов баргузор шуд, дар фазои якдигарфаҳмии комил сурат гирифт.