3 октябри соли 2021 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода, бар тибқи нақшаи пешакӣ, ба ноҳияи Каменски (назди шаҳри Каменск- Уральск) вилояти Свердловск омада, бо шароити фаъолияти меҳнатӣ ва зиндагии ҳамватанон бевоситаю муфассал шинос шуд. Маълум гашт, ки дар ин ҷо гурӯҳи касбии духтурони тоҷик ва дигар ҳамватанон бомуваффақият ва бар тибқи тақозои замон адои хизмати иҷтимоӣ менамоянд. Дипломати тоҷикистонӣ меҳмони хонадони ҳамватани худ, устою муҳандиси бинокор Шодибек Музаффаров шуда, бо шароити кору фаъолияти касбии ӯ, тарзи зиндагӣ, ҷаҳонбинию ҷаҳонэҳсоскунӣ ва самаранокию вижагиҳои мусбати хоҷагии наздиҳавлигиаш аз наздик шинос шуд. Зафар Сайидзода ҳаёту фаъолияти ин хонаводаро барои ҳамватанонамон,ки дар кишвари дӯсти Россия ба таври доимию даргузар ҳаёт ба сар мебаранд, намунаи ибрати фарҳангӣ маънидод намуд. Консули генералӣ ба ҳамватанони пешгому меҳанпарасти ҳамин ноҳия тавсия дод, ки дар ояндаи наздик Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикистониёнро дар ин мавзеи зебоманзару хайрхоҳи минтақаи Урали Миёна ба расмият дароварда, ҳамкории муфиду созандаро бо намояндагии дипломатӣ ва консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург роҳандозӣ намоянд.