Иштирок дар Форуми сарони минтақаҳои кишварҳои аъзои СҲШ дар ш.Челябинск

29.09.2021 13:50

29 сентябри соли 2021 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар кори Форуми дуюми сарони минтақаҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар шаҳри Челябински Федератсияи Россия баргузор шуд, иштирок намуд. Дар ҷаласаи пленарии Форум  Губернатори вилояти Челябинск Алексей Текслер, Губернатори вилояти Астархон Игорь Бабушкин суханронӣ карданд. Аз тариқи видеоконфронстамос Котиби генералии СҲШ Владимир Норов ва муовини раиси Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Риозода ва дигар шахсони расмии кишварҳои аъзои Созмон дар назди иштирокдорони ҷаласаи пленарӣ  баромад  намуданд. Дар нутқи хеш губернатори россиягӣ Алексей Текслер оид ба аҳамияти рӯзафзун ва дурнамои фаъолияти Форуми мазкур изҳори андеша намуда, ба натиҷаҳои сафари кориаш ба Тоҷикистон дар моҳи июли соли равон (2021) баҳои мусбат дод. Зафар Сайидзода дар ҷаласаи пленарии Форум бевосита иштирок намуда, дар ҷаласаи соҳавии он, ки ба мавзӯи нақши минтақаҳои кишварҳои аъзои СҲШ дар рушди масирҳои логистикӣ дар фазои Созмон бахшида шуда буд, суханронӣ кард.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg