Китоби таълимии дипломати тоҷик дар Югра рӯнамоӣ ва дар сатҳи давлатӣ мавриди истифода қарор гирифт

21.09.2021 12:47

21 сентябри соли 2021 ба номи  Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода мактуби  муовини аввали Губернатори Округи Мухтори Ханти-Мансийск-Югра Алексей Шипилов расид, ки дар он ба дипломати тоҷик  барои таваҷҷуҳаш ба масъалаҳои  мукаммалгардонии  ҳамкориҳои Россияву Тоҷикистон дар соҳаи муҳоҷират арзи сипос шудааст. Алексей Шипилов дар номаи худ ҳамчунин иттилоъ додааст, ки китоби дарсӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ таҳти номи  "Таърихи Россия дар шакли мухтасар" - бо ҳаммуаллифии Зафар Сайидзода - дар ҷараёни "Рӯзҳои ҳамкорӣ" бахшида ба 90 -солагии Округи Мухтори Ханти-Мансийск-Югра муаррифӣ гардида, барои истифода дар кор унвонии хадамоти  муҳоҷирати Раёсати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия оид ба Округи Мухтори  Ханти-Мансийск-Югра, Депортаменти  меҳнат ва шуғли аҳолии Югра, марказҳои шуғли аҳолии Округи Мухтор фиристода шудааст ва инчунин дар портали ҳукумати кушодаи Югра "Минтақаи кушод - Югра" ҷойгир карда шудааст.

IMG-20210915-WA0025.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg