16 сентябри соли 2021 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода ба парки саноатии "Про-бизнес-парк" омад. Дар он ҷо ӯ бо инфрасохтори ин парк шинос шуд, бо роҳбараш Денис Ремизов гуфтушунид анҷом дод, аз ширкат -резиденти парки саноатӣ, инчунин ҶДММ «Боярд», дидан кард, дар маросими муаррифии имконоти сармоягузории минтақаи Урали Миёна иштирок намуд. Чорабинии мазкур аз ҷониби Созмони мухтори ғайритиҷоратии «Агентии вилояти Свердловск оид ба ҷалби сармояҳо» бо мақсади шинос кардани намояндагони корпуси дипломатӣ ва тиҷоратии давлатҳои хориҷии дар шаҳри Екатеринбург сабтиномшуда бо иқтидори сармоягузории вилояти Свердловски Федератсияи Россия ва имконоти тозаэҷод барои ҷойгиркунии истеҳсолоти нав ва фаъолияти ширкатҳои хориҷӣ ташкил карда шуда буд.