25 майи соли 2021 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Екатеринбург Зафар Сайидзода бо роҳбари нави шуъбаи байналмилалии Маркази китобдории "Екатеринбург" Максим Докучаев мулоқот кард.
Зимни суҳбати пурмуҳтаво дар рӯҳияи созанда самтҳои имконпазири ҳамкории мутақобилан судманд баррасӣ шуданд. Яке аз онҳо, ба ақидаи ҷонибҳо, баргузории чорабиниҳои Консулгарии генералии Тоҷикистон дар толорҳои китобхонаҳои шаҳри Екатеринбург ба ифтихори ҷашнҳои миллӣ мебошад.Чунин чорабиниҳо метавонанд дар шакли озмунҳои расмҳо, шеърҳо ва қироаткунандагон ба забони модарии худ, маърӯзаҳои таълимӣ ба муносибати санаҳои муҳим сурат бигиранд. Татбиқи лоиҳаҳои муштарак оид ба ҳифз ва густариш додани забону адабиёти тоҷик дар қолабҳои маҳфилҳои синамо, мубоҳисавӣ ва мастер-класс муфид хоҳад буд.
Максим Докучаев омодагии худро барои мусоидат ба ҷалби ҷавонони фаъоли диаспораи маҳаллии тоҷикистониён ҷиҳати гузаронидани чорабиниҳои маърифатӣ барои шаҳрвандон, пеш аз ҳама барои кӯдакон ва ҷавонон, мастер-классҳо, озмунҳо, вохӯриҳои мавзӯӣ бо мақсади шиносоӣ бо фарҳанг, забон, анъанаҳои миллии тоҷикон иброз дошт. Мусоҳибон андешаи муштаракро роҷеъ ба он иброз доштанд, ки робитаҳои ҳамкорӣ метавонанд аз тариқи ҳамдастӣ бо нашриётҳои Тоҷикистон оид ба таблиғу тарғиби навигариҳои олами китоб, алахусус адабиёти бачагона, ташкил ва баргузории намоишгоҳҳои дахлдор - дар якҷоягӣ бо Консулгарии генералии Тоҷикистон - низ амалӣ карда шаванд.
Зафар Сайидзода пешниҳоди Максим Докучаевро дар бораи - бо дастгирии Консулгарии генералии Тоҷикистон - баргузор намудани маҳфилҳои гуфтугӯйӣ барои ҳамватанони азбаркунандаи забони русӣ, инчунин оид ба роҳандозии курсҳои таълими таърихи Тоҷикистону Россия ва омӯзиши забони тоҷикӣ пуштибонӣ намуд.