23 майи соли 2021 - дар Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон - Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар деҳаи Космаковаи ҳавзаи шаҳрии Сисерти вилояти Свердловск, дар ҳавлии роҳбари хоҷагии фермерии муваффақ Алексей Бондарев, дастархони миллиро бо оши палави тоҷикӣ барои сокинони деҳаи номбурда ва аъзои "Ротари клуб Маркази Екатеринбург" ба ифтихори дӯстӣ ва кумакҳои мутақобилаи мардумони Тоҷикистону Россия биорост.
Ҳангоми суҳбатҳои озод дипломати тоҷик дар фазои ғайрирасмӣ ба даҳҳо саволи шаҳрвандони Россия оид ба гузаштаи таърихӣ, фарҳанги моддӣ ва маънавӣ,арзишҳои ҷамъятии миллӣ, сиёсати муосири давлатии дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон, вазъи кунунӣ ва дурнамои муносиботи байнидавлатии Тоҷикистону Россия посух дод. Дар нишасти дӯстона яке аз ходимони намоёни "Ротари Клуб Маркази Екатеринбург" Леонид Засыпкин ва фаъоли диаспораи маҳаллии тоҷикон Раҷабалӣ Неъмонов ширкат варзиданд.